Каримҷон Ёров, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки чанде пеш аз бемории роҳҳои нафас шикоят мекард, ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудааст. Ӯ рӯзи 25-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки табибон баъди ташхисаш маълум кардаанд, ки ба коронавируси нав ба ӯ низ сироят кардааст, вале ҳолаш назар ба гузашта беҳтар шудааст, шифо меёбад.
Каримҷон Ёров рӯзи 19-уми апрел шикоят дошт, ки таби баланд дорад, ба сахтӣ нафас мегирад ва “пушту ҳарду паҳлуяш месӯзад.” Баъди даъвати табибон ба ӯ тавсия додаанд, ки дар хона бимонад ва мунтазири натиҷаҳои ташхис бошад. Ӯ афзуд:” Айни замон дарди тахтапуштам камтар шудааст, вале таъми ҳеч чизеро эҳсос намекунам.” Табибон мегӯянд, эҳсос накардани таъми ғизо яке аз аломатҳои КОВИД-19 аст.
Ба тахмини Каримҷон Ёров, мумкин аст, ки бемориро ҳангоми мулоқот ва ё кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик аз кадоме гирифта бошад. Ӯ ба муҳоҷирон тавсия дод, худро эҳтиёт кунанд, зеро беморӣ шӯхӣ надорад ва “сахт азоб медиҳад.” Каримҷон Ёров гуфт: “Ман зукомро бе давову дору дар роҳ муолиҷа мекардам, аммо чунин бемориро ҳеҷ гоҳ аз сар нагузаронида будам.” Каримҷон Ёров, яке аз ҳомиёни шинохтаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва раҳбари созмони ғайриҳукуматии "Этмос" аст ва пайваста ба онҳо барои дифоъ аз ҳуқуқашон кумак кардааст.
Иззат Амон яке аз ҳомиёни дигари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик низ чанде пеш дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ӯ низ гирифтори бемории сахти роҳҳои нафас шудааст ва табибон ба додаш намерасанд. Маълум нест, ки ӯ ба кадом беморӣ гирифтор аст.