Гуруҳе аз пажуҳишгарони Донишгоҳи Оксфорди Бритониё ба озмоиши ваксинаҳои зидди коронавирус шуруъ карданд. Бештар аз ҳазор нафар аз шаҳрҳои мухталифи Бритониё довталаби озмоиши ваксина дар бадани худ шудаанд.
Ду тан аз довталабон то ин замон ваксина гирифтанд. Ҳадафи асосии олимон ҷамъоварии иттилоъ дар бораи бехатарии воксинаи сохташуда ва таъмини масуният аз COVID-19 аст. Пажуҳишгарон мегӯянд, натиҷаи санҷишҳо давоми ним сол мушаххас хоҳад шуд.
Даҳҳо озмоишгоҳ дар саросари дунё ба ҷустуҷӯи ваксинаи зидди COVID-19 машғул аст. Чанде пеш дар Олмон ҳам аз санҷиши ваксина хабар доданд.
Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар саросари дунё айни замон 70 воксина коркард мешавад. Чину ИМА нахустин шуда, аз озмоиши ваксинаҳояшон хабар доданд. Дар Русия тасмим доранд, 1 июн ба озмоиш пардозанд.
Мутахассисон мегӯянд, истифодаи умумии ваксинаҳо то оғози соли 2021 имконпазир нест.
Коронавирус моҳи декабри соли гузашта дар Чин хуруҷ кард. Бино ба омори расмӣ, шумораи гирифторон ба ин беморь дар саросари дунё ба 3 миллион наздик мешавад. Бештар аз 190 ҳазор то кунун аз ин беморӣ фавтидаанд.