Дар Узбекистон 565-солагии Камолиддин Беҳзодро ҷашн мегиранд

Моҳи октябри имсол дар Узбекистон 565-солагии рассом Камолиддини Беҳзодро ҷашн мегиранд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин бора рӯзи 21-уми апрел фармон содир кард.

Бино ба фармони мазкур, яке аз кӯчаҳои шаҳри Тошканд ба ифтихори Камолиддини Беҳзод ба номи ӯ гузошта хоҳад шуд.

Солҳои 2020-2021 барои донишҷӯёне, ки дар бахшҳои ихтироъ ва санъати дизайнерии мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, бурсия ё стипендияи давлатии ба номи Камолиддини Беҳзод низ таъсис дода шуд.

Ҳамзамон дар он кишвар ҳамасола озмуни рассомон таҳти унвони "Пайравони Камолиддини Беҳзод" ташкил мешавад.

Ба илова, аз 1-уми ноябри имсол маоши кормандони дастгоҳи марказии Академияи рассомии Узбекистон 100 дарсад боло бурда мешавад.

Камолиддин Беҳзод соли 1455 дар шаҳри Ҳирот таваллуд шудааст.