Дабири СММ хост, бо баҳонаи коронавирус ҳаққи одамонро поймол накунанд

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе гуфт, коронавирус ба баъзе аз кишварҳо "дастак" медиҳад, ки иқдомҳои саркӯбгароёна қабул кунанд ва онро "ғайри қобили қабул хонд".

Антонио Гуттереш ҳушдор дод, ки ин иқдомҳо ба бемории ҳамагири КОВИД-19 ҳеч дахл надоранд, аммо метавонанд сабаби буҳрони ҳуқуқи инсон шаванд.

Гуттереш бо нашри гузориши Созмони Милал нишон дод, ки чӣ гуна муқобила бо вирус, муолиҷа ва ҳалли буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ бо ҳидоят ё роҳнамоии ҳуқуқи инсон сурат гирад, аммо намунаи хосеро аз иқдомҳои саркӯбгароёна наовард.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, муҳоҷирону паноҳҷӯён ва афроди беҷошуда аз гуруҳҳои осебпазир ҳастанд. Дар гузориши созмон таъкид шудааст, ки беш аз 130 давлат марзҳои худро баста, танҳо 30 кишвар ба паноҳҷӯён имтиёз додаанд.

Антонио Гуттереш аз давлатҳо хост, шаффоф, ҷавобдиҳанда ва ҳисоботдиҳанда бошанд ва таъкид кард, ки фазои маданиву озодии матбуот "буҳронист".

Коронавируси нав охири соли гузашта дар Чин ошкор шуд. То кунун ба он беш аз 2 миллиону 600 ҳазор нафар дар ҷаҳон гирифтор шуда, беш аз 180 ҳазор кас фавтидаанд. Зиёда аз 700 ҳазор нафари дигар шифо ёфтаанд.