Моҳи Рамазон ва эҳтиёт аз коронавирус дар кишварҳои мусалмоннишин

22 апрел, Карочии Покистон. Поккории санитарӣ дар назди масҷиде ба пешвози моҳи Рамазон

Ин шабу рӯз 1,8 миллиард мусалмон дар ҷаҳон ба пешвози моҳи Рамазон омода мешаванд, ки ин навбат дар фазои маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус фаро мерасад. Хабарҳои расмӣ аз кишварҳои мусалмоннишин мизони олудашавӣ ба коронавирусро чандон зиёд ва паҳншуда нишон намедиҳанд, вале эътимод ба ин ки ин хабарҳо дақиқу шаффоф ва воқеӣ ҳастанд, вуҷуд надорад. Олудашавӣ ба вирус дар нуқоти мухталифи ҷаҳон тадриҷан афзоиш меёбад ва то имрӯз гирифтории 2,6 миллион ва даргузашти 183 ҳазор сокини сайёра бар асари ин вирус тасдиқ шудааст. Дар бархе кишварҳои мусалмоннишин ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки рукни муҳими моҳи Рамазон – ифторҳои дастаҷамъиву намози ҷомеъ метавонад хатари паҳншавии вирусро бештар мекунад. Дар кишварҳои мисли Туркия, Миср ва Арабистони Саудӣ масҷидҳо баста шуда, рӯҳониён аз намозгузорон даъват карданд, ки дар хона ибодат бикунанд. Айни чунин даъвати эҳтиёткорӣ дар масҷидҳои Тоҷикистон ҳам ҳафтаи гузашта садо дод ва ба мардум гуфта шуд, ки ба хотири пешгирӣ аз эҳтимоли олудашавӣ ба коронавирус аз ифтору намози таробеҳ, ки маъмулан дастаҷамъона бо наздикону ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳо мегузарад, худдорӣ кунанд.