Муҷозоти як пулиси қазоқ барои иҷозаи убури мошинҳо аз постгоҳ ҳангоми карантин

Пулиси Қазоқистон. 14 апрел, 2020.

Сардори Раёсати пулиси ҷиноии шаҳри Алматои Қазоқистон Жанболат Зиадин аз мақомаш барканор шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Зиадин баъди нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақом барканор шуд. Дар навор дида мешавад, ки афроде дар мошинҳои гаронбаҳои Bentley, Mercedes ва Cadillac аз постгоҳ бидуни монеа убур мекунанд. Дар ҳоле, ки дар Алмато аз чанд ҳафта ба ин сӯ карантин ҷорӣ шудааст.

Вуруду хуруҷ аз он танҳо бо гузарномаи вижа имкон дорад ва дар даромадгоҳҳои шаҳр постгоҳ гузошта шуда, ҳамаи ронандаҳоро тафтиш мекунанд.

Баъдтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн шуд, ронандае, ки бидуни монеа аз постгоҳ убур мекунад, аз наздикони сардори раёсати пулиси вилояти Алмато аст.

Ерлан Тургумбоев, вазири корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 21-уми апрел аз ин ҳодиса интиқод кард. Вай гуфт, "вайрон кардани низоми ҳолати фавқулода ва карантин ғайри қобили қабул аст".

Баъди ин изҳороти вазир бо айби ғайриқонунӣ убур кардани постгоҳ панҷ кас боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд. 2 тани дигар дар кофтуков буда, чаҳор мошини гаронбаҳо ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ фиристода шуданд.