Афғонистон 71 зиндонии Толибонро озод кард

9 апрел. Ин гурӯҳи Толибон бахше аз 100 нафари дар як баст аз зиндонҳо озодшуда мебошанд

9 апрел. Ин гурӯҳи Толибон бахше аз 100 нафари дар як баст аз зиндонҳо озодшуда мебошанд

Афғонистон гуфт, ки дар идомаи барномаи табодули зиндониҳо дар чаҳорчӯби созиши сулҳ бо гурӯҳи шӯришӣ 71 зиндонии дигари Толибонро озод кард. Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ дар паёми худ дар Твиттер навишт, ки ин шумор зиндониҳо аз ҳафт маҳбаси вилоятҳои Нангарҳор, Лағмон, Кунар, Нуристон, Форёб, Урузгон ва Бағлон озод шуданд. Шурӯъ аз 8 апрел ҳукумати Афғонистон 432 узви Толибонро аз зиндон озод карданд. Бар асоси созиши 29 феврали миёни ИМА ва Толибон, аз ҳукумати Афғонистон тақозои озод кардани 5 ҳазор узви ин гурӯҳи шӯришӣ кардаанд. Аз Толибон озод кардани 1 ҳазор узви нирӯҳои ҳукуматии зиндонӣ талаб шудааст. Шурӯъ аз 12 апрел ба ин сӯ шӯришиён 60 узви нирӯҳои ҳукумативу амниятии Афғонистонро озод карданд. Қарор буд табодули зиндониҳо то 10 март ба анҷом мерасид, вале бо сабаби ихтилоф дар миёни ду ҷониб ба таъхир уфтод.