Танаффус дар барномаи муҳоҷират ба ИМА 

Корти сабз, ки ҳақи иқомат дар ИМА-ро фароҳам меукунад, як қадам то гирифтани шиносномаи шаҳрванди Амрико мебошад

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ба хотири ҳимоят аз коргарон, иҷрои барномаи муҳоҷират ба Амрикоро муваққатан бозмеорад, вале ин тасмим, ба андешаи мунаққидон, дар давраи муқобилаи кишвар бо коронавирус ихтилоф дар ҷомеаро бештар мекунад. Трамп, ки дар моҳи ноябр мехоҳад бори дигар номзади интихоботи президентӣ шавад, рӯзи 21 апрел гуфт, ки дар барномаи тақдими кортҳои сабз ё ҳақи иқомат дар ИМА 60 рӯзи танаффус ҷорӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки ин тасмим вокуниш ба поинравии нишондодҳои иқтисодӣ дар Амрико дар паи паҳншавии коронавирус аст, ки то ҳол 810 ҳазор нафарро дар ин кишвар гирифтор карда сабаби марги беш аз 45 ҳазор нафар шудааст. Демократҳову мунаққидони дигари Трамп дар вокуниш ба ин изҳорот Трампро ба доман задани эҳсосоти зидди муҳоҷирон ва талоши фирор аз ҳалли мушкилоти марбут ба коронавирус айбдор карданд. Мақомоти Кохи Сафед ва раҳбарони иёлоти мухталиф дар талоши сабуктар кардани маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус ҳастанд ва мегӯянд, ки ин меъёрҳо бо назардошти таҳдиди мавҷи дуюми ҳамлаи вирус эҳтиёткорона ҷорӣ шаванд.

Дар Аврупо тадриҷан маҳдудиятҳо бардошта мешаванд ва дар Итолиё, Испания ва Олмон нишонаҳои камтар шудани суръати паҳншавии вирус дида мешавад. То ҳол 170 ҳазор нафар бар асари ин вирус ҷон додаанд ва ҳоло суръати афзоиши вирус дар Африқо, Ховари Миёна, Амрикои Лотинӣ ва бахшҳое аз Осиё тундтар мешавад.