Муовини пешини вазири тандурустии Қазоқистон Камолҷон Нодиров, ки ахиран раҳбари бахши тандурустии шаҳри Алмато таъйин шуд, мубтало ба КОВИД 19 шудааст.
Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов рӯзи чоршанбе хабар дод, ки натиҷаи ташхиси Нодиров шоми 21-уми апрел мусбат баромада, ӯ бистарӣ шудааст. Раҳбарии бахши тандурустии Алматоро дубора Тлеухан Абилдаев бар зимма гирифт, ки ахиран "бо хоҳиши худ" аз мақомаш истеъфо дода буд.
"Ба иллати пеш омадани чунин ҳодиса дар мувофиқа бо шаҳрдори Алмато истеъфои раҳбари пешини бахши тандурустии шаҳр Тлеухан Абилдаев боз дошта шуд",-афзуд Биртанов.
Нодирови 37-сола чанде пеш раҳбари бахши тандурустии Алмато таъйин шуда буд. Ӯро дар мақоми муовини вазири тандурустии Қазоқистон Людмила Бюрабекова иваз кард.
Дар Қазоқистон 30 дарсади онҳое, ки ба коронавирус мубтало шудаанд, кормандони тиб ҳастанд. Дар ин кишвар 589 корманди тиб ба коронавирус мубтало шудаанд.