Дар Узбекистон соли хониши 2019/2020 дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ тавассути дарсҳои телевизионӣ дар шакли фосилавӣ ба поён хоҳад расид.
Ин тасмимро ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон гирифтааст.
Ба огаҳии ситод, омӯзгорон ва кормандони низоми маориф кори худро ба таври фосилавӣ идома дода, маошашон пардохт хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, Узбекистон аз 16-уми март, баъди ошкор шудани нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дар тамоми мактабу донишгоҳ ва боғчаҳо карантин эълом кард.
Дар натиҷа аз 30-юми март пахши дарсҳо тавассути телевизионҳо ба роҳ монда шуда, дар ҳоли ҳозир се шабака дарсҳоро намоиш медиҳад. Баъзе аз литсей ва коллеҷҳо низ ба низоми фосилавӣ гузаштаанд.