Президенти ИМА Доналд Трамп амре имзо мекунад, ки дар шароити пандемияи коронавирус, ки то ҳол дар ИМА ҷони 40 ҳазор нафарро гирифтааст, муваққатан барномаи муҳоҷират ба ИМА-ро бозмедорад. Дар як изҳороти твиттерии худ Трамп шоми 20 апрел навишт, ки чунин тасмим вокуниш ба “ҳамлаи Душмани Ноаён ва зарурати ҳимоят аз кори Шаҳрвандони Азими Амрико” мебошад. Ҷузъиёти дигар дар даст нест. Бо сабаби пандемияи коронавирус тамоми ҷараёни марбут ба додани виза, аз ҷумла визаи муҳоҷират ба ИМА боздошта шудааст.
Маъмурияти Трамп ва раҳбарони иёлот талош доранд бо вуҷуди доғ будани вазъияти паҳншавии пандемия тадриҷан маҳдудиятҳоро сабуктар кунанд ва баробар бо ин нагузоранд, ки вирус дуюмбора ҳамла кунад. Энтони Фаучи, мақомдори калони амрикоӣ дар умури бемориҳои сироятӣ ҳушдор дод, ки бозгашт ба ҳолати маъмулӣ бояд танҳо баъди безарар шудани вирус имконпазир шавад.
Дар Аврупо дар ин охирҳо тадриҷан маҳдудиятҳо сабуктар мешаванд ва дар кишварҳои шадидан осебдидаи мисли Итолиё, Испания ва Олмон шиддати паҳншавии вирус коҳиш меёбад.
Дар ҳамин ҳол Раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреусес ҳушдор дод, ки дар кишварҳои дар ҳоли рушд ва дорои низоми беҳдоштии заъиф, ки ҳифзи иҷтимоии начандон қавӣ дошта мардумаш дар хонаводаҳои серодам зиндагӣ мекунанд, хатари шурӯи марҳилаи нави таҳдиди вирус вуҷуд дорад.