Сокинони шаҳри Ишқободи Туркманистон барои хариди маҳсулоти арзон аз мағозаҳои давлатӣ аз як рӯз қабл навбат мепоянд. Дар ин гуна мағозаҳо маҳсулот зери назорати пулис ба фурӯш бароварда шудааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки бо камёфт шудани орд нони арзон, ки пештар 2 манат арзиш дошт, ҳамакнун 5 манат фурӯхта мешавад. (Бонки миллии Туркманистон 1 долларро ба 3,5 манат баробар кардааст).
"Дар мағозаҳои давлатӣ нони арзон, ки 60 танга фурӯхта мешуд, тамом шудааст. Аммо ҳамин нонро дар мағозаҳои хусусӣ 1 манат мефурӯшанд. Ҳамзамон имрӯзҳо ордеро, ки 1 кг 1 манат қимат дошт, пайдо кардан имкон надорад",-гуфт як сокини маҳаллӣ.
Сокинон барои хариди маҳсулоти арзон аз мағозаҳои давлатӣ аз як рӯз пеш навбат мегиранд. Ба гуфтаи сокинон, субҳ пеш аз боз шудани мағозаҳо пушти дари онҳо даҳҳо сокин дар навбат ҳастанд.
Туркманистон се соли охир даргири буҳрони иқтисодӣ аст. Шаҳрвандони он кишвар бо камбуди маҳсулоти ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии вируси корона мушкилоти сокинони он кишварро афзудааст.