Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, дар ин кишвар то ҳол 1711 кас ба коронавирус мубтало шуда, 400 бемор шифо ёфтаанд. 19 кас аз ин беморӣ фавтидааст.
Ба ҳисоби Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, шумораи мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 2,5 млн расида, 161 ҳазор нафар ҷон додааст.
Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду сокини соли таваллудашон 1958 ва 1931 аз коронавирус фавтидаанд.
Ба иттилои расмӣ, 19 апрел дар Қазоқистон 35 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Бештари ин ҳолатҳо (16) дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ошкор гаштааст.
Дар миёни 8 нафаре, ки ахиран дар Алмато ба коронавирус мубтало шуданд, 6 корманди бемористони кӯдаконаи касалиҳои сироятӣ низ ҳаст.