Дар Қирғизистон барои қабули дархости табибон сомонаи махсус боз шуд

Карантин дар Қирғизистон.

Ба огаҳии Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ, табибон тавассути ин сомона метавонанд, барои таъмини муассисаи худ бо маводи зарурии муҳофизати инфиродӣ, дору ва таҷҳизот дархост фиристода, ҳамчунин дар бораи мушкилиҳои мавҷуда дар кори худ иттилоъ диҳанд.

Ин дархостро тавассути сомонаи "med.tunduk.kg" мешавад, ирсол кард. Гуфта мешавад, ҳар як дархост дар алоҳидагӣ баррасӣ шуда, муҳлат ва тартиби иҷрои онҳоро ситод муайян мекунад.

Дар бораи таъсиси чунин сомона муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии фаврӣ иттилоъ дода буд. Ба ҷуз ин, дар он Вазорати тандурустии Қирғизистон вазифадор шуд, ки иловапулии табибонро дар муҳлати ду рӯз пардохт намояд.

Ба иттилои расмӣ, то 19-уми апрел дар Қирғизистон 554 кас ба коронавирус мубтало шуда, 154 нафари онҳо кормандони тиб ҳастанд.