Русия ба Узбекистон "тест"-ҳои танқидкардаи Лукашенкоро тақдим кард

Акс аз бойгонӣ.

"Русия ба Узбекистон дастгоҳҳо ё "тест"-ҳои ташхиси вируси корона тақдим кард",-хабар дод Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия. Ин навъи "тест"-ҳоро пештар президенти Белорус Александр Лукашенко танқид карда буд.

Захарова гуфт, тақдими дастгоҳҳои ташхиси вируси корона ба Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз вабо сурат гирифтааст. Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия ҳамчунин гуфт, ки ба Белорус ҳам чунин дастгоҳҳо тақдим шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Александр Лукашенко, президенти Белорус пештар аз ин гуфта буд, дастгоҳҳои русии ташхиси вируси корона танҳо дар 30 дарсади ҳолатҳо натиҷаи дақиқ медиҳанд.

Мақомоти Русия рӯзи 18-уми апрел дар посух ба танқидҳои Лукашенко гуфтанд, "тест"-ҳои русӣ нисбати дастгоҳҳои хориҷӣ бартарӣ доранд. Ба гуфтаи мақомдорони Русия, дастгоҳҳои ин кишвар қодиранд, ҳатто гирифторони бидуни аломатҳои зоҳирии вируси коронаро шиносоӣ кунанд.

Дар Белорус бештар аз 4,5 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Аз ин шумора 42 кас фавтидааст.