Помпео: ИМА ҳамлаҳои кибернетикӣ ба шифохонаҳоро таҳаммул намекунад

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико

Иёлоти Муттаҳида аз таҳдиди ҳамлаҳои сайберӣ ё кибернетикӣ ба бемористонҳо дар замони мубориза бо коронавирус хабар дод.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 17-уми апрел дар баёнияе гуфт, кишвараш фаъолиятҳои вайронгаронаи кибернетикиро, ки ба гуфтаи ӯ ба ҳадафи суст кардани кардани талошҳо барои муҳофизату иттилоърасонӣ ба мардум сурат мегирад, "ҳаргиз таҳаммул нахоҳад кард".

Вай ҳамлаҳои кибернетикиро ба шифохонаҳо дар ин замон "ғайримасъулона ва хатарнок" хонд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико ҳамчунон аз ҳукуматҳо хост, аз шабакаҳое, ки дар пушти ҳамлаҳои сайберӣ дар қаламравашон даст доранд, чашмпӯшӣ накунанд.

Помпео дар баёнияаш гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар робита ба ҳушдори Ҷумҳурии Чех аз силсилаи ҳамлаҳои сайберӣ ба ду шифохонаи он кишвар нигарон аст. Андрей Бабиш, нахуствазири Чехия, 17-уми апрел гуфт, ҳукумат аз ин таҳдид хабардор шуд ва бо он мубориза мекунад.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки кадом афрод ё гурӯҳҳо дар чунин таҳдидҳо даст доранд.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то кунун беш аз 2 миллиону 200 ҳазор мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар ҷаҳон тасдиқ шуда, беш аз 154 ҳазор тан ҷон бохтаанд ва беш аз 574 ҳазор нафари дигар шифо ёфтаанд.