Э.Раҳмон: Афроди аз 65-сола боло бе зарурат ба берун набароянд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласае, ки писари калониаш ба курсии Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон нишаст ва амалан ба шахси дувуми ҷумҳурӣ табдил шуд, дар бораи коронавирус ҳам суҳбат кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми апрел ҳангоми суханронӣ дар нишасти Маҷлиси Миллӣ гуфт, "мо набояд аз ин ки чунин беморӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад, хушҳоливу хурсандӣ кунем. Мо набояд тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем. Баръакс, бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар кишвари мо низ ба вуҷуд оянд."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ягон сокини кишвар ба коронавирус гирифтор нашудааст.

Аммо ахиран чанд ҳодисаи марги одамон ба роҳ ёфтани коронавируси нав ба Тоҷикистон бастагӣ дода мешавад. Ба монанди даргузашти ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, як корманди бемористони шаҳри Бохтар ва марги як сокини Шаҳристон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин мавридҳо ҳеч ишора накард, аммо гуфт, "вобаста ба вазъи баамаломада ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дода мешавад, ки як вақти муайян бидуни зарурат аз хона дур нараванд, ҳамроҳи аҳли оилаи худ бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд."

Вай гуфт, мардуми Тоҷикистон чаҳор моҳи аввали сирояти коронавирус дар ҷаҳонро пушти сар кардаанд ва "бояд бо сабру таҳаммул моҳҳои апрелу майро низ тинҷу ором гузаронем".

Бемории ҳамагири КОВИД-19 охири моҳи декабри соли гузашта дар Вуҳани Чин ошкор шуд.

То ин дам ба ин беморӣ дар ҷаҳон беш аз 2 миллиону 180 ҳазор нафар гирифтор шуда, беш аз 140 ҳазор каси дигар ҷон бохтаанд. Омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, беш аз ним миллион нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.