Роҳбарони дунё тасмими президенти ИМА Доналд Трампро дар бораи қатъи сармоягузории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) маҳкум карданд. Рӯзи 15-уми апрел шумори гирифторони коронавирус аз 2 миллион гузашт.
Кишварҳои аврупоӣ, Русия, Чин, СММ ва коршиносони саросари дунё тасмими Трампро дар бораи боз доштани қариб 500 миллион доллари сармояи СҶТ дар давраи буҳрон маҳкум карданд.
"Айбдорсозиҳои мутақобил ба нафъи касе нест... яке аз тасмимҳои таъсиррасон дар мубориза зидди вабо тақвияти мақоми СММ, ба вижа СҶТ аст, ки сармоягузорӣ ба ин созмон барои таҳия ва паҳни озмоишҳо ва воксинҳо нокофист", - навишт вазири корҳои хориҷии Олмон Хайко Маас дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ахиран президенти Амрико СҶТ-ро ба он айбдор кард, ки дар давраи паҳншавии вируси корона аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш набаромадааст.
Трамп гуфт, ба ҳукуматаш дастур додааст, ки муваққатан сармоягузории СҶТ-ро қатъ ва давоми ду-се моҳи оянда нақши ин созмонро биомӯзад.
ИМА бузургтарин кумаккунандаи СҶТ аст. Соли гузашта ин кишвар беш аз 400 миллион доллар ба СҶТ ёрӣ карда буд.
То ин замон дар ИМА беш аз 26 ҳазор нафар аз вируси корона фавтидаанд. Шумори мубталоён ба ин вирус дар Амрико ба беш аз 600 ҳазор мерасад.