Узбекистон аз эътилофи ҳуқуқи башари саросари дунё талаб кардааст, ки бойкоти пахта ва маҳсулоти нассоҷии ин кишварро хотима бахшад. Узбекистон ёдовар шудааст, ки дар манъи меҳнати иҷборӣ пешрафт намуда, пандемияи короновирус вазъи иқтисодияшро ногувор кардааст.
Рӯзи 15-уми апрел вазири меҳнати Узбекистон Нозим Ҳусайнов ба эътилофи ҳуқуқи башар номае навишта таъкид кардааст, ки Узбекистон бо ду таҳдид - яке вазъи ногувори иқтисод ва сирояти бемории Covid -19 рӯ ба рӯ аст. Ӯ хостааст, ки ҳукуматҳои олам бойкоти содироти маҳсулоти пахтаву нассоҷии ин кишварро хотима дода, содироти моли кишварро ба бозорҳои ғарбӣ роҳ диҳанд.
Бойкоти пахтаи Узбекистон бо ташабуси гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар соли 2006 оғоз шуд, зеро дар ин кишвар миллионҳо нафар иҷборан барои иҷрои нақшаҳои ҳукумат ба пахтачинӣ сафарбар мешаванд.