Таъйини аъзои нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон. Акс аз марти 2020.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон шаш тан аз аъзои нави Маҷлиси миллии Тоҷикистонро таъйин кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел иттилоъ дод, ки бо фармони президент Фарҳод Раҳимӣ, Ҳусния Раҷабзода, Ҳасан Дӯстзода, Низом Қосим, Мақсудалӣ Умарализода ва Бурҳониддин Ҷабборӣ аъзои Маҷлиси миллӣ таъйин шуданд.

Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон 33 курсӣ дорад ва бисту панҷ узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари маҷлисро президент таъин мекунад. Вале ҳоло раиси ҷумҳур 6 танро ба ин рӯйхати нав ворид кардааст ва маълум нест, ки ду нафари дигар киҳо хоҳанд буд. Дар рӯйхати нав номи Озода Раҳмон, ки дар даври қаблӣ муовини раиси Маҷлиси миллӣ буд, дида намешавад.

Интихоби 25 узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, аз тарафи вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар рӯзи 27-уми март баргузор шуда буд. Дар рӯйхати 25 узви нави Маҷлиси Миллӣ, номи раисони вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон, раисони чанде аз шаҳру ноҳияҳо ва ё муовинонашон ва мансабдорону кормандони идораҳои давлатӣ сабт шудааст.

Дар миёни онҳо писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ ҳаст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, вуруди ӯ ба палатаи болоии ниҳоди қонунгузор роҳашро амалан барои ба шахси дувуми ҷумҳурӣ табдил ёфтан ҳамвор мекунад.

Аъзои боқимондаи Маҷлиси Миллиро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо салоҳдиди худ таъйин мекунад. Мухолифон аз он норозиянд, ки мисли дафъаҳои гузашта палатаи болоии порлумон асосан аз тарафдорони ҳукумат ташкил ёфтааст.

Палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аз соли 2000-ум боз фаъол аст ва он замон то кунун раёсати онро Маҳмадсаид Убайдуллоев ба уҳда дошт. Аъзои Маҷлиси Миллӣ дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд.