Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон хостори рушди ҳамкориҳои бештари фарҳангӣ байни ду кишвар шудаанд. Ба иттилои сайти расмии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, ин мавзуъ дар мулоқоти сафири ин кишвар дар Душанбе Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, матраҳ шудааст. Мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Эрон рӯзи 13-уми апрел сурат гирифтааст.
Дар хабар аз ҷумла омадааст, ки Эрон аз пешниҳоди Тоҷикистон барои сабти гиромидошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм дар феҳристи барномаҳои ЮНЕСКО барои давраи 2020-2021 ҳимоят намуда, омодагӣ дорад дар бораи сабти мероси фарҳангии муштараки ду кишвар дар маҷмааҳои байналмилалӣ талош намояд.
Ба иттилои манбаъ, сафири Эрон дар Тоҷикистон баргузории ҳафтаи фарҳангӣ, сафарҳои ҳунарӣ, ширкат дар намоишгоҳҳои китоб ва муаррифии осори барҷастаи адабиёти тоҷикро, аз ҷумлаи заминаҳои ҳамкорӣ дар тақвияти муносибатҳои фарҳангии ду кишвар хондааст.
Сайти расмии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам иттилоъ дод, ки ду ҷониб роҷеъ ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар сӯҳбат намуда, маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангиро барои соли 2020 тарҳрезӣ намуданд.
Дар ин мулоқот аз ҷумла, оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон гуфтугӯ сурат гирифтааст. Аммо на ҷониби Тоҷикистон ва на Эрон замони дақиқи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистонро эълон накардаанд.
Тоҷикистону Эрон панҷ соли ахир муносибати хубе надоштанд. Душанбе Теҳронро ба ҳимоят аз ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамчунин қатли афроди саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам кард. Эрон дар навбати худ дар гум шудани миллиардҳо доллари тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ангушти иттиҳомро ба сӯи Тоҷикистон дароз намуд. Ду тараф иттиҳоми якдигарро беасос хонданд.
Аммо робитаҳои ду кишвар тайи бештар аз як соли ахир ру ба гармӣ овардааст ва раиси ҷумҳури Эрон тобистони гузашта ба Тоҷикистон сафар кард.