Эътирози Қазоқистон ба Чин. Рӯзноманигори чинӣ даъвои марз дорад

Марзи Қазоқистон бо Чин.

Марзи Қазоқистон бо Чин.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 14 апрел хабар дод, ки баъди нашри мақолае дар як сомонаи чинӣ эътироз баён кардааст. Муаллифи мақола менависад, қисмати бештари марзи имрӯзии Қазоқистон ба Чин тааллуқ дорад. Ба навиштаи муаллиф, Қазоқистони муосир ҳудудеро ишғол кардааст, ки таърихан сарзамини Чин аст.

"Дар Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо сафири Чин дар кишвар Чжан Сяо мулоқот баргузор шуд, ки дар рафти он нисбати мақолаи "Чаро Қазоқистон талоши баргашт ба Чинро дорад?" эътироз баён гардид", - хабар дод вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Ҷонибҳо дар поёни нишаст тавофуқ ҳосил карданд, ки "дар самти нашри иттилоъ ва ВАО" ҳамкории зич ба роҳ мемонанд. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ҳамзамон хабар дод, ки сафорати ин кишвар дар Пекин ба вазорати корҳои хориҷии Чин нотаи эътирозӣ ирсол кардааст.

Чин - чаҳорумин сармоягузори бузургтарини Қазоқистон ва севумин қарздиҳандаи бузург барои ин кишвар аст. Қазоқистон ба Чин маводи хом содир мекунад ва ҳудуди он кишварро барои убуру мурур истифода мебарад.