Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон, муҳлати вазъияти фавқулодаро дар бархе аз шаҳрҳо ва ноҳияҳои ин кишвар то 30-юми апрел дароз кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар доданд.
Бо фармони президент ҳолати фавқулода дар шаҳрҳои Бишкеку Ӯш ва ноҳияҳои Ноокату Қара-Сууйи вилояти Ӯш, инчунин, шаҳри Ҷалолобод ва ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод тамдид шуд.
Гуфта мешавад, фармон аз замони ба имзо расиданаш эътибор пайдо мекунад ва барои тасдиқ ба порлумон ирсол мешавад.
Ҳолати фавқулода дар шаҳрҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Бишкек, инчунин ноҳияҳои Сузак, Ноокат ва Қара-Сууй аз 25-уми март ба ин тараф эълом шудааст.
Ба шаҳрвандон аз соати 8-и шом то 7-и субҳ ба кӯча баромадан манъ ва ҳамчунин рӯзона бе зарурат гашту гузор кардан маҳдуд аст. Ҳолати фавқулода аз ибтидо то 15-уми апрел эълом шуда буд.
Дар маҷмуъ дар Қирғизистон то ин замон 430 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.