48 млн евро кумаки ИА ба Тоҷикистон барои коҳиши пайомадҳои COVID-19

Парчамҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо.

Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки ният дорад барои пешгирӣ аз бемории ҳамагири Ковид-19 ва коҳиши пайомадҳои коронавирус ба Душанбе то 48 миллион евро кумак кунад.

Дар ин бора раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефссон ҳангоми вохӯрӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Дафтари матбуоти ВКХ мегӯяд, кумаки Иттиҳоди Аврупо "дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва кам кардани пайомадҳои бемории ҳамагири COVID-19" пешниҳод мешавад.

Ба ҷуз аз Иттиҳоди Аврупо, Сандуқи Байналмималилии Пул ҳам хабар дод, ки барои осон кардани сарбории қарзӣ ба Тоҷикистон ёрӣ мекунад.

Кристалина Георгиева, роҳбари Сандуқи Байналмилалии Пул рӯзи 13-уми апрел эълон кард, ба 25 кишвари фақир ва осебпазири узви ин ташкилот кумак мекунанд.

Ба гуфтаи Георгиева, Сандуқи Байналмилалии Пул ба 25 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон барои пӯшонидани уҳдадориҳои қарзии онҳо дар назди СБП 500 миллион доллар ёрӣ мерасонад. Феълан маълум нест, аз ин маблағ чӣ қадараш ба Тоҷикистон мерасад, вале Душанбе дар назди Сандуқи Байналмилалии Пул 30 миллион доллар қарздор аст.

Мақомоти Тоҷикистон бо инки мегӯянд, дар кишвар сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, барои рафъи хатарҳои пандемия аз чанд созмони молии ҷаҳонӣ дархости кумак кардаанд.

То ба ҳол, барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон Олмон 1 миллион евро, Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, Амрико 866 ҳазор доллар, Русия беш аз 20 ҳазор тест ва ё маводи ташхиси коронавирус ва ЮНИСЕФ либосу ашёи муҳофизатӣ барои табибон кумак карданд.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Узбекистон ва Қазоқистон кумакҳои башардӯстона дарёфт кард.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро барои тақсими нодуруст ё мавридҳои хешутаборбозӣ дар ҷараёни ироаи кумакҳои байналмилалӣ танқид кардаанд.​ Аммо вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел гуфт, шаффофияти харҷи маблағҳоро барои омодагӣ ба муқовимат бо коронавирус таъмин мекунанд.

Сарфи назар аз инки сирояти КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, мақомот рад намекунанд, ки бӯҳрони коронавирус ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ мегузорад.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел дар як гузориш гуфт, паҳншавии коронавирус дар минтақа метавонад "бо роҳи болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, инчунин тавассути коҳишёбии қурби пули миллӣ" ба иқтисод таъсири манфӣ гузорад.