Пинҳон доштани маълумот 52 нафарро гирифтори COVID-19 ва 700 касро карантинӣ кард

Даромадгоҳи бемористони марказии шаҳри Уфа

Ба гуфтаи сардухтури ин бемористон Элза Сиртланова, беморон дар ҳоле ошкор шуданд, ки тамоми шифохона таҳти карантин аст. Ин дар ҳолест, ки наздик ба 700 нафар бемору пизишк дар ин бемористонанд , 130 нафар пневмония доранд ва 6 каси онҳо дар шуъбаи эҳё таҳти парастории ҷиддӣ гирифта шудаанд.

Дар ин бора Бахши русии Радиои Озодӣ хабар додааст.

10 апрел вазири тандурустии Бошқирдистон Максим Забелин дар нишасти хабарие дар Уфа гуфт, 170 нафар, аз ҷумла духтурон, дар ин бемористон бо шубҳаи коронавирус бистарӣ шуда, худи беморхона пурра карантин шуд. Сабаб дар он буд, ки 6 апрел панҷ корманди тиббӣ ва ду бемори пневмония дар ин ҷо таб карданд ва дар яке аз онҳо пас аз фавташ коронавирус ошкор карда шуд.

Тимур Уразметов, ҳуқуқшинос ва писари мудири шӯъбаи ревматологияи ин беморхона бо номае ба додситонӣ муроҷиат кард ва талаб намуд, раҳбарияти беморхона барои пинҳон доштани маълумот ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, ин аризаро таҳқиқ мекунад.