Бонки Исломии Рушд (БИР) барои хариди фаврии дастгоҳҳои тиббӣ, ки дар мубориза зидди вируси корона истифода мешаванд, ба Узбекистон 17 миллион доллар медиҳад.
Ба иттилои вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон, ин маблағҳо аз маҷмуи қарзҳои кунунии БИР ҷудо шудаанд, ки қаблан барои Узбекистон пешбинӣ шуда буданд.
Созиши қарзи 17-миллион долларӣ дар ҷараёни ҷаласаи видеоии рӯзи 8-уми апрел ҳосил шуд, ки ин ҷаласа бо иштироки ноиб-сарвазири Узбекистон ва вазири сармоягузориву тиҷорати хориҷии ин кишвар Сардор Умирзоқов аз як сӯ ва сӯи дигар президенти Бонки исломии рушд Бандар Ҳаҷар баргузор гардид.
Дар поёни ҷаласа ҷонибҳо ҳамчунин ба созиш расиданд, ки Бонки исломии рушд барои низоми ҳифзи сиҳатӣ ва кӯмак ба тиҷорати хурду миёнаи Узбекистон дар ҳаҷми бештар аз 140 миллион доллар сармоя ҷудо хоҳад кард.