Тоҷикистон тавассути нашр ва фурӯши авроқи гаронбаҳо 300 миллион сомонӣ қарз гирифтанӣ аст. Ҳукумати Тоҷикистон бо судури қарори №219 ба Маҷлиси намондагон пешниҳод кардааст, ки ба нашри векселҳои давлатӣ барои ҷалби қарзи давлатӣ ба маблағи 300 миллион сомонӣ ба муҳлати панҷ сол ризоият бидиҳад.
Ин пешниҳоди ҳукумат ба Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии порлумон ирсол шудааст ва қарор аст, дар иҷлосияи наздиктарин вакилони порлумон ин пешниҳоди ҳукуматро баррасӣ кунанд. Баҳраи солонаи векселҳои давлатӣ 2 дарсад гуфта мешавад.
Дар ин қарори ҳукумат Вазорати молияро муввазаф кардааст, ки баъди ризоияти Маҷлиси намояндагон барои ҷалби қарзи хориҷӣ тадбир андешад. Аз соли 2015 инҷониб ин бори дуввум аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби қарзи хориҷӣ бо усули нашри авроқи гаронбаҳо иқдом мекунад.
Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2017 бо фурӯши евробондҳо 500 миллион долларро ба муддати даҳ сол ба даст овард, ки баҳраи солонааш 7,125 дарсад аст. Мақомот гуфтанд, ки ин пул барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" харҷ хоҳад шуд.
Меррил Линч (Merrill lynch) яке аз бунёдҳои Амрикоист, ки қисми зиёде аз евробондҳои Тоҷикистонро харид. Аз дигар харидорони евробондҳо бунёдҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske мебошанд.
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати моҳи январи солии 2020, ду миллиарду 888 миллион доллар аст. Ба иттилои Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 35,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохила баробар аст. Ҳудуди нисфи қарзи хориҷаи Тоҷикистонро Чин додааст.