Қирғизистон барои наҷоти иқтисодаш барномаи зиддибӯҳронӣ таҳия кард

Эркин Асрандиев, муовини сарвазири Қирғизистон дар умури иқтисодӣ.

Муовини сарвазири Қирғизистон дар умури иқтисодӣ Эркин Асрандиев 12-уми апрел нақшаи чораҳои зиддибуҳронии ҳукумати ин кишварро номбар кард.

Ба гуфтаи ӯ, 2 маҷмуаи чораҳое дар ҳоли коркард аст, ки ба дастгирии тиҷорат ва барқарорсозии батадриҷи иқтисод равона шудаанд. "Ҳамаи мо медонем, ки ҳадафи асосӣ пешгирии коронавирус ва тадриҷан ба зиндагии муқаррарӣ баргаштан аст. Бинобар ин, дар марҳалаи дувум, мо таҷрибаи кишварҳои дигарро низ хоҳем омӯхт",-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Асрандиев, маҷмуаи дувуми чораҳо дастгирии молии тиҷоратро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин имтиёз дар сармоягузории молӣ низ баррасӣ мешавад.

Муовини сарвазири Қирғизистон гуфт, ҳукумати ин кишвар барои иҷрои тадбирҳои мазкур аллакай 14 миллиард сом (ҳудуди 180 милллион доллар) дарёфт кардаааст.

Пешбиниҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Қирғизистон дар пайи паҳн шудани коронавирус якбора бад шудааст. Бино ба пешбиниҳои муқаддамотии ҳукумати Қирғизистон, ҳаҷми ММД ин кишвар ба ҷои афзоиш коҳиш хоҳад ёфт.

Дар Қирғизистон то 12-уми апрел 377 кас ба коронавирус мубтало шудаанд.