Бархе аз сокини минтақаи Кӯлоб шикоят доранд, ки рӯзҳои охир аз бонкҳо доллари амрикоӣ гирифта наметавонанд. Намояндагони баъзе аз бонкҳо вуҷуди мушкилро тасдиқ карданд.
Валӣ Раҳимов, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, рӯзи нӯҳуми апрел натавонист аз бонкҳои минтақа сад доллар бихарад. “Аз як нафар сад доллар қарз гирифта будам, талаб дорад, ки доллар диҳам. Ба бонкҳо рафтам, ба намояндагии бонкҳои "Эсхата", "Ориёнбонк", ташкилоти қарзии "Имон Интернешнл" ва Бонки аввалини молиявӣ. Гуфтанд, ки доллар надоранд”, - афзуд ӯ.
Намояндагони бонки "Эсхата" ва "Имон Интернешнл" дар Кӯлоб вуҷуди мушкилро тасдиқ карда, гуфтанд, “масъала ҳалшаванда аст”, аммо нагуфтанд кай.
Шуҳрат Усмонов, мудири минтақавии бонки "Эсхата" дар Кӯлоб, гуфт, аз дафтари марказии бонк дастур гирифтаанд, ки ба муддати муайян ба сокинон доллар нафурӯшанд. Вай айни замон афзуд: “Ба тоҷироне, ки ба фурӯши орд ва равған машғуланду маҳсулотро аз хориҷ ворид мекунанд, бе маҳдудият доллар дода мешавад. Ба муштариёне, ки корти бонкӣ доранд ва дар кортҳояшон доллар ҳаст, онро низ мепардозем”.
Дар ташкилоти қарзии "Имон Интернешнл" дар минтақаи Кӯлоб ҷорӣ шудани “лимит” дар фурӯши доллар ба сокинонро тасдиқ карданд, вале на бонкҳои тиҷоратӣ ва на Бонки Миллии Тоҷикистон вазъиятро шарҳ надодаанд, ки мушкил ба чӣ рабт дорад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа мегӯяд, то як ҳафтаи пеш аз банкоматҳо доллар дастрас кардан мумкин буд, аммо рӯзи ҷумъа банкоматҳо низ доллар надоштанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон тахмин мезананд, ки қатъи якбораи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ба ин вазъ сабаб шудааст. Дар пайи хуруҷи коронавирус ва таътили корхонаву ширкатҳо бештари муҳоҷирон бекор мондаанд.
Ба иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон ҳоло 100 доллар расман ба тақрибан 1024 сомонӣ баробар аст. Бархе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, дар бозори ғайрирасмии асъор қимати сад доллар то 1200 сомонӣ расидааст.
Дар Тоҷикистон фаъолияти нуқтаҳои саррофии мустақил манъ ва хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби афроди алоҳида берун аз деворҳои бонкҳои расмӣ манъ шудааст ва ҷавобгариро дар пай дорад.