Эрон ба соҳибони "касбу кори камхатар" иҷозаи фаъолият дод

Теҳрон, 2-юми апрели 2020

Мақомоти Эрон гуфтанд, ба соҳибони касбу кори камхатар дар шароити коронавирус дубора иҷозаи фаъолият доданд, аммо ин иқдом шаҳри Теҳронро дар бар намегирад. Ин тасмим рӯзи 11-уми апрел эълон шуд.

Хабаргузории расмии ИРНА гузориш дод, ки раисҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ аз шаҳрвандон хостааст, бо риояи тавсияҳои пизишкон аз густариши коронавирус ҷилавгирӣ кунанд.

Хабаргузории "Тасним" гузориш дод, ки иттиҳодияи тиҷоратии Эрон рӯйхати корҳои камхатарро дар шароити коронавирус ба ҳукумат пешкаш кардааст.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, фурӯшгоҳҳое, ки дар он ҳузури мардум камтар аст, боз шуда метавонанд.

ИРНА ба нақл аз Алии Рабеӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон, гузориш дод, ки гуфтааст, дар сурати карантини дарозмуддат шояд то чаҳор миллион кас корашонро аз даст диҳанд.

Омори расмии ҳукумат нишон медиҳад, ки дар Эрон беш аз 68 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.