Полис гуфт, ки Толибон панҷ корманди бонкро  ба қатл расониданд

Соли 2017, таркиши интиҳорӣ дар Афғон Бонк

Мақомот дар вилояти Ҳироти Афғонистон рӯзи 10 апрел гуфтанд, ки ҷангҷӯёни Толибон дар ғарби Афғонистон панҷ корманди як бонки давлатиро ба қатл расониданд. Сухангӯи полиси маҳаллӣ Абдулаҳад Вализода гуфт, ки кормандони бонк аз ноҳияи Кӯҳсон ба шаҳри Ҳирот ҳаракат мекарданд, вале дар роҳ аз ҷониби силоҳбадастон рабуда ва баъдан ба қатл расонида шуданд. Ин ҳодисаро вазорати умури дохилӣ ҳам тасдиқ кард ва Толибонро гунаҳгор карда гуфт, ки дар гузашта ҳам ин гурӯҳ даст ба рабоиши кормандони давлатӣ задааст. То ҳол худи гурӯҳи шӯришӣ дар ин бора чизе нагуфтааст.

Рӯзи 9 апрел ҳукумати Афғонистон гуфт, ки боз 100 узви дигари Толибонро озод кард ва шумори умумии Толибони аз зиндон озодшуда ба 200 нафар баробар шуд. Ҳукумат дар Кобул гуфтааст, ки дар остонаи шурӯи музокироти байни худи афғонҳо 1500 узви Толибонро озод хоҳад кард. Дар созиши сулҳи ИМА ва Толибон инчунин озод шудани 1000 узви нирӯҳои ҳукуматӣ ҳам зикр шудааст, ки дар дасти Толибон гаравгон ҳастанд.