Human Rights Watch мегӯяд, ки СММ баъди баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Узбекистон ба ин натиҷа омадааст, ки мушкилоти мисли шиканҷаи доимӣ дар боздоштгоҳҳо ва маҳдудкунии озодиҳои бунёдӣ мавриди нигаронӣ мебошанд. Дар изҳороти рӯзи 8 апрели HRW гуфта мешавад, ки хулосаҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ин воқеиятро собит мекунад, ки ваъдаҳои зиёде дар заминаи ислоҳоти ҳуқуқи башар ҳанӯз иҷро нашудааст.
Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупову Осиёи Марказӣ дар HRW дар Берлин мегӯяд, “таҳқиқи кумитаи СММ собит мекунад, ки Узбекистон як кишвари бештар худкома бо нишондодҳои хеле заъифи ҳуқуқи башар боқӣ мемонад”.
Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳафтаи гузашта дидгоҳҳои худро дар заминаи мутобиқати Узбекистон ба Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи маданиву сиёсӣ нашр кард. Ин нахустин арзёбӣ баъди соли 2016 сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев мебошад.
Кумитаи СММ аз “шиканҷаву бадрафторӣ бо нафарони маҳрум аз озодӣ, маҳдудият дар озодиҳои динӣ, озодии таҷаммӯъ ва ҳамоишҳои сулҳомез” изҳори нигаронӣ кардааст.
Айни замон, кумитаи СММ гуфтааст, ки пешравиҳо дар мубориза бо коррупсия, пешгирӣ аз хушунати занон, ислоҳоти низоми додгоҳӣ, решаканшавии кори кӯдак ва кори маҷбурӣ дар соҳаи пахтапарварӣ дида мешавад.
Мирзиёев баробари шурӯи кор дар мақоми президентӣ бархе иқдомҳоро дар самти ислоҳот роҳандозӣ кард. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар кишваре, ки замони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов поймолшавии ҳуқуқи башар сартосарӣ буд, ҳанӯз ҳам вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад.