Сенатор Бернӣ Сандерс аз идомаи маъракаҳо барои пешбарии номзадиаш ба мақоми президентии ИМА аз сӯи Ҳизби демократ дар интихоботи соли 2020 даст кашид.
Ин тасмими Сандерс ба муовини пешини президенти ИМА Ҷо Байден имкон медиҳад, ки дар интихоботи соли 2020 аз тарафи Ҳизби демократ номзад ба мақоми президентӣ шуда, бо президент Доналд Трамп вориди рақобат шавад. Байден чанде пеш дар маъракаҳои пешакӣ дар Иллинойс, Аризона ва Флорида бар Сандерс пирӯз шуда буд.
Довталабони курсии президентии ИМА дар пайи паҳн шудани коронавирус натавонистанд маъракаҳои худро ба таври анъанавӣ анҷом диҳанд. Баргузории тазоҳурот ва мулоқот бо интихобкунандагон ба иллати коронавирус манъ карда шудааст.
Барои пешбарии номзадӣ ба мақоми президентӣ аз сӯи Ҳизби демократ номзад бояд аз 3979 овоз 1991-тоашро ба даст орад. Ин раъйгирӣ қарор аст, миёнаҳои моҳи июл баргузор шавад. Байден то 7-уми апрел ҷонибдории 1217 интихобкунандаро ба даст овардааст.
Трамп дар маъракаи пешакии Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Иллинойс ва Флорида 1301 раъйро соҳиб шуд. Трамп барои дубора ба мақоми президентӣ номзад шудан бояд аз 2441 овоз 1276 овозро ба даст орад.
Интихоботи президентии ИМА 3-юми ноябри имсол баргузор мешавад.