Шоми 8-уми апрел дар шаҳрҳои Душанбеву Панҷакент ва баъзе аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон барф борид. Аз ҳоло кишоварзон ва сокинони деҳаҳо нигаронанд, ки сардии ҳаво метавонад ҳосили дарахтон ва зироати онҳоро нобуд кунад. Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон эҳтимоли сард шудани ҳаво ва боридани барфро дар рӯзҳои 8 ва 9-уми апрел пешбинӣ карда буд. Бино иттилои марказ, "шаби 8-уми апрел ва субҳи 9-уми апрел дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд эҳтимол барф меборад." Масъулони марказ мегӯянд, ҳавои сард ба Тоҷикистон аз Русия тавассути Қафқоз ворид шудааст. Хеле кам мешавад, ки дар моҳи апрел дар Тоҷикистон барф борад. Соли гузашта дар ҳамин моҳ дар ноҳияи Сангвори минтақаи Рашт барф борида буд.