Ҳушдори Назарбоев аз паёмадҳои коронавирус

Нурсултон Назарбоев.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, таъсири коронавирус ё худ COVID-19 ба иқтисоди ин кишвар аз буҳрони ҷаҳонии молии соли 2008 сахттар хоҳад буд.

"Аз ҳоло мо бояд фикр кунем, ки баъди ин чи кор хоҳем кард. Иқтисод поин меравад. Шояд аз буҳрони молии соли 2008 дида сахттар шавад", - гуфт Назарбоев 7 апрел дар суҳбат бо сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин.

Ба гуфтаи Назарбоев, ба ҳукумат дастур дод, ки сокинонро бо маводи ғизоӣ ва тиббӣ таъмин кунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки 8 апрел матлаб ва паёмеро ба мардуми кишвараш нашр хоҳад кард. "Ҳоло барои тамоми ҷаҳон мушкил аст. Бинобар ин, мо бояд сабр ва якдигарро эҳтиром кунем", - афзуд Назарбоев.

Ин изҳороти Назарбоев баъди он нашр шуд, ки навбатпоии сокинони Қазоқистон дар назди бонкҳо барои дарёфти кумакпулӣ ба ҷанҷол печид. Ҳукумати ин кишвар ба онҳое, ки ба иллати коронавирус тиҷорат ва ҷои кори худро аз даст додаанд, кумакпулӣ дар ҳаҷми $95 ваъда кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон то 7 апрел 697 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.