Ҳукумати Амрико барои мусоидат ба омодагии Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо коронавирус 866 ҳазор доллар ҷудо кард.
Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе, рӯзи 7-уми апрел дар ин бора иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ин маблағ тавассути Оҷонси Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва ҳамкоронаш дар Тоҷикистон -- Abt Associates, Салиби Сурх ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ -- дастрас хоҳад шуд.
"Маблағ барои омӯзиш додани пизишкону парасторон ва хариди дастгоҳҳои зарурӣ дар бемористонҳо пешбинӣ шудааст", - илова кард ӯ.
Сафири Амрико дар идома гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ ва дӯстӣ бо мардуми Тоҷикистонро арҷ мегузорад ва ба ироаи кумакҳояш дар шароити коронавирус ҳам идома хоҳад дод.
То ин дам Бонки Ҷаҳонӣ барои омодагии Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо коронавирус беш аз 11 миллион доллар ва Олмон як миллион евро кумак кардаанд. Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар ва Русия беш аз 20 ҳазор тест ё маводи ташхиси коронавирус ва ЮНИСЕФ либосу ашёи муҳофизатӣ доданд.
Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти музокироти Тоҷикистон бо созмонҳои байнулмилалии молӣ огоҳ аст, рӯзи 2-юми апрел гуфт, айни замон ҳукумат барои дарёфти кумак бо Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Исломии Рушд низ вориди гуфтугӯ шудааст.