Федератсияи журналистони Аврупо (ФЖА) аз матбуоти Косово даъват кард, ки дар замони бӯҳрони беҳдоштӣ дар пасманзари пандемияи коронавирус, аз “шиддат бахшидан ба танишҳо” худдорӣ кунанд. Созмони мустақар дар Брюссел бо пахши изҳороте рӯзи 4 апрел гуфт, ки вазъи карантин дар шаҳраке бо аксар сербҳои сокинаш дар минтақаи Митровитсаи Шимолӣ аз ҷониби телевизиони давлатии РТК ва сомонаи интернетии Sinjali пӯшиши “нодуруст ва ғайриахлоқии иттилоотӣ” дидааст. “Чунин ба назар мерасад, ки бархе сиёсатмадорон, бахусус президенти Сербистон Александр Вучич ва раиси ҷумҳурии Косово Ҳошим Тачӣ бӯҳрони коронавирусро ба манфиати худ барои афзоиши таниши сиёсиву иҷтимоӣ истифода мекунанд”, гуфт Рикардо Гутерреш, дабири кулли ФЖА. Ӯ аз журналистон хост, ки “ба бозиҳои онҳо бозӣ накунанд ва ба манфиати ҷомеа амал бикунанд”. САҲА ҳам гуфт, ки вазъ бо Ковид-19 “ҳамраъйиву ҳамкории тамоми ҷомеа ва ҳам мақомот дар минтақаро тақозо мекунад”.
Мақомот дар минтақаи аққалиятҳои сербнишини Косово ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тадбирҳои монанд ба Сербистонро ҷорӣ карданд. Мақомоти Косово гуфтанд, ки дар ин кишвар 145 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус, аз ҷумла се ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст. Вале ин омор 26 ҳодисаи олудагӣ, аз ҷумла як ҳодисаи марг ба вирусрро дар минтақаи шимолии аксаран сербнишин ба эътибор нагирифтааст. Мақомот дар ин минтақа ба сохторҳои беҳдоштии Сербистон гузориш медиҳанд. Косово, ки собиқ вилояти Сербистон мебошад, соли 2008 истиқлолияти худро эълон кард, вале Белград инро ба расмият намешиносад.