Нишасти намояндагони кишварҳои истихроҷкунандаи нафт, ки қарор буд 6 апрел баргузор шавад, ба таъхир афтод. Ба иттилои хабаргузории "Reuters", ин ҷаласа қарор аст, ба иллати коронавирус дар шакли видеоӣ 8 ё 9 апрел баргузор шавад.
Сабаби ба таъхир афтодани нишаст, баҳсҳо миёни Москва ва Риёз гуфта мешавад, ки дар поинравии нархи нафт якдигарро айбдор мекунанд.
Ба баргузории нишасти мазкур президенти ИМА Доналд Трамп исрор карда буд. Трамп ахиран гуфт, вазъи бозори ҷаҳонии нафт бояд фавран ба эътидол оварда шавад.
Талабот ба нафт дар пайи ошкор ва паҳн шудани коронавирус дар ҷаҳон якбора поин рафт. Фаъолияти бештари корхонаҳо ва ҳаракати тамоми нақлиёт манъ карда шуд.
Дар ҷаласаи навбатӣ қарор аст, масоиле баррасӣ шаванд, ки кишварҳои ОПЕК ва Русия ба хотири коҳиши истихроҷи нафт роҷеъ ба онҳо ба созиш нарасида буданд.
Трамп гуфт, агар Москва ва Риёз рӯзҳои наздик барои коҳиши истихроҷи нафт ба созиш нарасанд, ИМА ба хотири ҳифзи бахши нафти ин кишвар ба воридоти нафти хом боҷ ҷорӣ мекунад.
Намояндагони ширкатҳои коркардкунандаи нафт бо ирсоли нома аз Трамп хостанд, ки боҷ ҷорӣ накунад, чун боиси болоравии бензин дар ИМА хоҳад шуд. ИМА нафтро аз Русия ва Арабистони Саудӣ ворид мекунад.