Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ба хотири коҳиши истеҳсоли нафт ва хатми пастравии босуръати нархи нафт дар пасманзари пандемияи коронавирус, саудиҳову русҳоро ба созиш овард. Трамп гуфт, ки рӯзи 2 апрел бо президенти Русия Владимир Путин ва шоҳзодаи Саудӣ Муҳаммад Бин Салмон гуфтугӯ кард. Ҷузъиёт нашр намешавад.
Трамп дар Твиттераш навишт, “ман интизор дорам ва умедвор ҳастам, ки онҳо тақрибан 10 миллион бушка нафт ва шояд ҳаҷми аз ин бештарро коҳиш медиҳанд. Агар чунин шуд, ин барои саноати нафту газ ОЛӢ мешавад!”
Трамп гуфт, ки Русия ва Арабистони Саудӣ метавонанд истеҳсоли нафтро рӯзе аз 10 то 15 миллион бушка коҳиш диҳанд. Чунин коҳиш ширкати кишварҳои хориҷ аз ОПЕК ва муттафиқонашро ҳам тақозо мекунад. Трамп навишт, ки дар сӯҳбат бо ин ду раҳбар ба ҳеҷ гузаште дар заминаи коҳиши истеҳсоли дохилии ИМА ваъда надодааст.
Бо шурӯи бӯҳрони коронавирус ва тасмими Арабистони Саудӣ, кишвари муҳими узви ОПЕК барои коҳиши истеҳсоли нафт дар ҷаҳон, Русия ба ин мухолифат кард ва вазъи атрофи нафт ҳам бӯҳронӣ шуд. Бо бад шудани фаъолиятҳои иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон арзиши нафт хеле поин рафт. Вазири энержии Русия Александр Новак рӯзи 3 апрел гуфт, ки Русия дар фикри афзоиши истеҳсол нест ва омода аст бо ОПЕК вориди гуфтугӯ шавад. Арабистони Саудӣ ба баргузории ҷаласаи изтирории ОПЕК ва дигар ҳамкоронаш даъват кард. Трамп ҳам имрӯз бо кишварҳои истеҳсолкунандаи нафти ИМА дар Кохи Сафед мулоқот мекунад.