Рӯзи 1 апрел як додгоҳи покистонӣ ҳукми қаблии марг ва иттиҳоми кушторро барои як ҷангҷӯи зодаи Бритониё дар қазияи қатли журналисти амрикоӣ Дениэл Перл бекор кард. Вакили дифоъ Хваҷа Навид гуфт, ки бар асоси қарори бозбинишуда дар Додгоҳи Олии вилояти Синдҳ, Аҳмад Умар Саидшайх барои одамрабоӣ гунаҳгор ва ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Азбаски Саидшайх аз соли 2002 дар зиндон буд, интизор меравад, ки озод шавад, вале ҳанӯз ҳукми додгоҳ дар ин замина содир нашудааст.
Перли 38-сола раиси дафтари намояндагии Осиёи Ҷанубии нашрияи The Wall Street Journal буд. Ӯ соли 2002 аз ҷониби ҷангҷӯёни ифротӣ рабуда ва сараш аз тан ҷудо карда шуд. Саидшайх худи ҳамон соли 2002 боздошт ва аз ҷониби додгоҳи зиддитеррористӣ ба ҳукми марг маҳкум шуд. Се нафари дигар аз рӯи ин қазия ҳукми зиндони абад гирифтанд. Ба гуфтаи Навид, ин се нафар ҳам бар асоси қарори нави додгоҳ аз иттиҳом озод шуданд.