Порлумони Украина қонуни фурӯши заминро қабул кард

Шаби душанбе ба сешанбеи 30 март порлумони Украина дар як ҷаласаи махсус қонун дар бораи фурӯши заминро қабул кард.

Ҷаласа қариб 12 соат давом ва нисфишабӣ ба поён расид. Ҷаласа бо баҳсу ҷанҷол хатм шуд. Ҷиноҳи “Платформаи мухолиф – Барои ҳаёт”, ки зидди қабули қонун буд, талоши барҳам задани кори порлумонро кард ва президенти Украина Владимир Зеленский маҷбур шуд, ду маротиба ба порлумон ояд ва вакилонро барои раъйи мусбат додан ташвиқ кунад.

Дар ниҳоят қонун бо 259 раъйи ҷонибдор қабул шуд.

Қонуни қабулшуда бозори заминро аз 1 июли соли 2021 таъсис медиҳад. То соли 2024 танҳо шахсони воқеӣ ҳаққи харидани заминро доранд, он ҳам на бештар аз 100 га. Баъд аз соли 2024 фурӯши замин то 10 ҳазор га ба роҳ монда шуда, шахсони ҳуқуқӣ ҳам ҳаққи хариди заминро соҳиб мешаванд.

Дар ҳамин ҳол азхудсозии заминҳои давлатӣ манъ мешавад ва хориҷиҳо танҳо дар сурате ба хариди замин ҳақ пайдо мекунанд, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ аксари сокинон ризоият диҳанд. Раъйпурсии умумӣ баъдтар баргузор хоҳад шуд. Дар ҳар сурат ширкатҳои офшорӣ, шахсони ҳуқуқии марбут ба шаҳрвандони Русия аз ҳаққи хариди заминҳои Украина маҳрум мешаванд.

Қонун дар бораи фурӯши замин яке аз ваъдаҳои интихоботии президент Владимир Зеленский аст.

Пештар аз ин гуфта мешуд, ки дар сурати қабули ин қонун созмонҳои молии аврупоӣ ба Украина 10 миллиард доллар қарз ҷудо хоҳанд кард.