Меҳмонхонаи Hilton дар Душанбе фаъолияташро муваққатан қатъ кард

Меҳмонхонаи "Hilton"-и Душанбе бо нашри баёнияе иттилоъ дод, ки фаъолияташро ба таври муваққатӣ қатъ мекунад. Ин меҳмонхонаи 5-ситорадори Душанбе тасмимашро ба паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, қатъ шудани парвозҳо ва коҳиши муштариҳо рабт дод.

Мудири кулли Hilton дар саҳифаи расмии меҳмонхона дар Фейсбук навишт, аз 1-уми апрел фаъолияти меҳмонхонаро муваққатан бозмедоранд ва талабу дархостҳоро барои баргузории чорабиниҳо ва иҷораи утоқҳо намепазиранд.

Ин меҳмонхона ҳамзамон эълон накардааст, ки фаъолияти худро дигарбора кай аз сар мегирад.Павел Йиндра, менеҷери кулли Hilton Dushanbe дар ин паём навиштааст, дигаргуниҳо роҷеъ ба паҳншавии коронавирус ва оғози дигарбораи парвозҳоро аз наздик пайгирӣ мекунанд ва дар ҳолати тағйири вазъ, муштариёнашонро огоҳ месозанд.

Меҳмонхонаи панҷситорадори "Hilton" дар моҳи сентябри соли 2014 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар оғоз он "Шератон" ном дошт ва бо харҷи 275 миллион сомонӣ ё ҳудуди 55 миллион доллар аз сӯи ширкати хусусии СИ ЕЙ ЧЕЛ-и Ҳиндустон бунёд шуд.

Ин меҳмонхонаи 15-табақа дорои 148 утоқ буда, барои қабули ҳатто меҳмонони сатҳи баланд низ пешбинӣ шудааст. Меҳмонхона дорои толорҳои маҷлису гуфтушунид, ду тарабхона ва толорҳои варзишӣ мебошад.

Аз ин пеш, меҳмонхонаи "Ҳаят реҷенсӣ" дар Душанбе дар вебсайти худ гуфта буд, ки дар фаъолияти худ маҳдудиятҳоеро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи намояндагони меҳмонхона, камбуди сайёҳон онҳоро водор кардааст, ки ба чунин иқдом даст зананд. Вале манбаъ афзудааст, ки роҳбарияти меҳмонхона тасмим гирифтааст, ки фаъолиятро пурра қатъ накунанд ва ба бозсозии биноҳо машғул шаванд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ва чаҳор фурудгоҳи байналмиллалии кишвар низ бархе аз кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.