Чин гузориш дод, ки баъди чор рӯзи камшавии ҳодисаҳои нави олудашавӣ ба коронавирус, рӯзи 31 март дубора афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ мушоҳида шудааст. Чин, ки сарчашмаи пайдоиши коронавирус маҳсуб меёбад, гуфт, ки 48 ҳодисаи нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар афроде мушоҳида шудааст, ки аз хориҷа олуда шуда омадаанд. Дар шаҳри Вуҳан, макони пайдошавии вирус даргузашти як нафар бар асари Ковид-19 гузориш шуд, вале мақомот гуфтанд, азбаски дар дохили кишвар дигар ҳодисаҳои одудашавӣ вуҷуд надорад, шаҳр ва вилояти Ҳубей барои боз кардани марзҳояш наздик мешавад. Вале мутахассисон бо назардошти як кишвари баставу ноозод ва шадидан назоратшаванда будани матбуоти Чин мегӯянд, ба ин изҳороти мақомот набояд зиёд эътимод кард.
Дар ИМА ҳодисаҳои олудагӣ аз 164 ҳазор нафар бештар шуда, дар кишваре бо 330 миллион ҷамъият озмоишҳои бештари тиббӣ вазъи воқеии гирифторонро рӯшантар собит мекунад.
Аз замони шурӯи паҳншавии пандемияи коронавирус, дар саросари сайёра то ҳол 37638 нафар ҷон додаанд.