Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври истисноӣ барои 60 рӯзи дигар иҷоза дод, ки ширкатҳои Русияву Чин ва кишварҳои аврупоӣ ба корашон дар иншооти атомии Эрон идома диҳанд. Ширкатҳои мазкур асосан дар нерӯгоҳҳои атомӣ кор мекунанд.
Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 30-юми март тамдиди мӯҳлати таҳримҳоро тасдиқ кард ва таъкид намуд, ки ин қарор фаъолиятҳои ҳастаии Эронро маҳдуд мекунад.
Морган Ортагус, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки “Тавсеаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ғайриқобили қабул аст.”
Доналд Трамп, президенти ИМА баъди тарки созиши ҳастаӣ бо Эрон карданаш дар соли 2015, нисбати Теҳрон таҳримҳои сахттари иқтисодӣ ҷорӣ кард ва бештарини ин таҳримҳо ба содироти нафт рабт гирифт. Ин созиш соли 2015 миёни Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ имзо шуд ва бар ивази бекор шудани таҳримҳо аз Эрон тағйири рафтор карданро тақозо мекард.
Баъди соли 2018 Вашингтон маъракаи “фишори ҳадди аксар” болои Эронро роҳандозӣ кард, то фаъолиятҳои минтақавии Эрон камтар ва барномаи ҳастаиаш маҳдуд шавад.
Таҳримҳои тамдидшуда идомаи фаъолиятҳои марбут ба адами густаришро дар реактори Ароқ, корхонаи ҳастаии Бушеҳр, реактори таҳқиқотии Теҳрон ва дигар фаъолиятҳоро дар назар мегирад.
Дар оғози моҳи март Оҷонсии нирӯи атомии СММ гуфт, ки Эрон ба нозирони ин созмон имкони боздид аз ду маконе, ки эҳтимолан он ҷо фаъолиятҳои ҳастаӣ ҷараён дорад, надод. Ин ниҳод гуфт, ки Теҳрон маҳдудиятҳои дар соли 2015 муқарраршуда дар шумори захирагоҳҳои уранро нақз кардааст.
Мақомоти Эрон сиёсатҳои ИМА-ро интиқод карда гуфтаанд, ки таҳримҳои ҷоришуда имконияти ин кишварро дар муқобила бо пандемияи коронавирус осеб мерасонад. Дар Эрон то имрӯз беш аз 41 ҳазор ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус, аз ҷумла 2700 ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст.