Табиби узбек аз зарби корд захмӣ шуд

Карантин дар Хоразм.

Дар ноҳияи Шовоти вилояти Хоразми Узбекистон табибе, ки вазъи сиҳатии сокинонро дар ҳолати карантин назорат мекард, 24 март захми корд бардоштааст.

Як манбаъ дар ҳукумати вилояти Хоразм бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳодиса шаби 24 март дар қисми низомие рух додааст, ки дар он шаҳрвандони аз хориҷ баргаштаро ба карантин гирифтаанд.

"Ин қисми низомӣ дар наздикии деҳаи мо аст. Онҷо онҳоеро дар карантин нигаҳ медоранд, ки аз Дубай ва Русия омадаанд. Як сарбози қисми низомӣ гуфт, табиб худашро се корд задааст. Вале сабабҳояш маълум нест", - гуфт як ҳамсуҳбати мо аз Шовот.

Намояндаи пулиси Хоразм низ гуфт, ки дар ҳақиқат табиб худашро корд задааст. "Кормандони мо он шаб ба қисми низомӣ рафтанд. Табиб худро на се, балки як корд задааст. Ҳоло дар беморхона бистарӣ аст", - афзуд ӯ.

Вале яке аз ҳамкорони табиб фарзияи мақомоти узбекро, ки мегӯянд, ӯ худашро корд задааст, зери суол қарор дод.

"Ӯ табиби машҳур аст ва замоне сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Урганч буд. Вай марде нест, ки худашро корд занад. Инҷо чизеро пинҳон медоранд. Он шаб ба маҳалли ҳодиса додситон ва сардори пулиси вилоят рафта буданд ва пас аз рафтани онҳо ин фарзия расонаӣ шуд, ки табиб худашро корд задааст", - изҳор дошт вай.

Манбаи мо дар ҳукумати Хоразм дар навбати худ афзуд, ки шаби 24 март дар қисми низомии Шовот миёни табибоне, ки вазъи сиҳатии сокинонро дар ҳолати карантин назорат мекарданд, задухӯрд ва кордзанӣ шудааст.