Шумораи қурбониёни коронавирус дар Эрон ба 2757 тан расид

Теҳрон, Эрон, 26 март, 2020.

Сухангӯи вазорати тандурустии Эрон Киёнуши Ҷаҳонпур рӯзи 30-юми март ба телевизиони давлатии он кишвар гуфт, бо 117 ҳолати нави фавт, шумораи қурбониёни бемории коронавирус дар ин кишвар ба 2757 нафар расид. Вай афзуд, ки шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар Эрон 41,495 нафарро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи оқои Ҷаҳонпур, дар 24 соати гузашта 3186 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Эрон ба қайд гирифта шудааст.

Сухангӯи вазорати тандурустии Эрон аз шаҳрвандон хостааст, ки дар хонаҳояшон бимонанд. Эрон яке аз кишварҳоест, ки аз ин вирус сахт зарар дидааст ва коршиносон ба омори расмие, ки аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии исломӣ дар рӯзномаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ чоп шудааст, бовар надоранд.

Рӯзи 30-юми март расонаҳои давлатӣ гузориш доданд, ки дар ҷануби Эрон зиндониҳо дурбинҳоро шикастаанд ва дар рафти эътироз зарарҳои дигар низ расонданд. Дар доираи чораҳо зидди бемории ҳамагир, Эрон тақрибан 100,000 маҳбусро муваққатан озод кард ва наздик ба 50,000 нафар, аз ҷумла зиндониёни "хавфнок"- ба амнияти кишварро, дар маҳбас нигаҳ дошт.

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 29-уми март дар ҷаласаи ҳайати давлат гуфт, "мо бояд омода шавем, ки бо ин вирус зиндагӣ кунем, то даме ки дармон ва ё ваксинае пайдо шавад, вале то ба ҳол чунин нашудааст."

Теҳрон рӯзи 25-уми март қарор кард, ки ҳама сафарҳои байнишаҳриро ҳадди ақал то 8-уми апрел маҳдуд кунад.