Раиси Сандуқи байналмилалии пул Кристалина Георгиева гуфт, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар пайи паҳншавии вируси корона шомили марҳилаи рукуд шудааст. Вай аз кишварҳои дунё даъват кард, ки бо рӯи даст гирифтани "барномаҳои бузург", аз варшикастагиву дефолт пешгирӣ кунанд.
Георгиева дар як нишасти хабарӣ гуфт, кишварҳои дар ҳоли рушд барои пушти сар кардани буҳрон ҳадди ақал ба 2,5 триллион доллар ниёз доранд.
Ин буҳронро вируси корона ба бор овард. Айни ҳол вируси корона бештар аз 30 ҳазор касро дар саросари дунё куштааст.
Георгиева баъди он нишасти хабарӣ баргузор кард, ки бо сарони 24 кишвари дунё – гуруҳи таъйинкунандаи сиёсати СБА – гуфтугӯи телефонӣ дошт.
“Барои ҳама ошкор аст, ки мо вориди марҳилаи рукуд шудем. Рукуде монанд ба соли 2009 ва ё бадтар аз он. Мушкили асосии уфти якбораи иқтисоди ҷаҳонӣ мавҷи варшикастагиҳо ва аз кор ихроҷ карданҳо аст, ки натанҳо барқарориро мушкил, балки зиндагии ҷомеаи моро хароб мекунад”, - гуфт Георгиева.
Вай огоҳ кард, ки ҳолати аз ин бадтар барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҳанӯз дар пеш аст. Ба гуфтаи вай, ин кишварҳо ҳанӯз паёмадҳои гарони ваборо эҳсос накардаанд, аммо аз ҳоло аз фирори сармоя ва уфти қимати маҳсулоти содиротиашон зиён мебинанд.
Георгиева мегӯяд, СБП ба таври бесобиқа дархости кумаки фаврии молӣ дарёфт мекунанд. 81 кишвар, аз ҷумла 51 кишвари дорои сатҳи пасти даромад ва 31 кишвари дорои сатҳи миёнаи даромад (чун Покистон, Гана, Эрон ва Қирғизистон) аз СБА дархости кумаки молӣ кардаанд.