Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ фармон дод, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус то 10 ҳазор маҳбус аз зиндонҳо озод карда шаванд.
Додситони кулли Афғонистон Муҳаммад Фарид Ҳомидӣ 26-уми март дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул гуфт, тасмими мазкур "бо мақсади ҳифзи саломатии мардум" гирифта шуда, ба занон, беморони вазнин ва маҳбусоне дахл хоҳад дошт, ки синашон аз 55 боло аст.
Фармон маҳбусонеро фаро намегирад, ки зидди амнияти давлат ва байналмилалӣ ҷиноят содир кардаанд.
Фармони Ашраф Ғанӣ дар пасманзари гуфтугӯҳои ҳукумати Афғонистон бо гуруҳи даҳшатафкани Толибон дар бораи табодули асирон дар доираи раванди гуфтугӯи сулҳ бо миёнаравии ИМА содир шудааст.
Дар Афғонистон то 26 март 90 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуда, ду кас аз он ҷон бохтаанд. Вале нигарониҳо вуҷуд дорад, ки шумораи мубталоён эҳтимол аст, аз омори расмӣ бештар бошад.
Фармони президенти Афғонистон ҳамчунин ташкили кумитаи махсусеро барои таҳияи рӯйхати маҳбусони озодшаванда пешбинӣ мекунад.