Шумори умумии онҳое, ки дар Қазоқистон ба коронавирус ё худ бемории COVID-19 мубтало шудаанд, ба 80 нафар расид.
Аз ин миён 31 ҳолат дар Алмаато, 41 ҳолат дар Нурсултон, дуҳолатӣ дар Чимкенту Қарағанда ва якҳолатӣ дар вилоятҳои Алмаато, Оқтеппа, Ҷамбил ва Қазоқистони Шимолӣ сабт шудааст.
Мақомоти Қазоқистон рӯзи 24-уми март аз нахустини ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дар Чимкент хабар дода буданд. Ин мард аз Нурсултон ба Чимкент рафта буд.
Ҳоло 16 мусофири автобусе ҷустуҷӯ мешавад, ки рӯзи 23-юми март ҳамроҳи ин мард аз Нурсултон ба Чимкент рафта буданд.
"Аз 51 мусофири автобус 35 нафарашон муайян ва ба карантин гирифта шудаанд. 16 каси дигар ҷустуҷӯ мешаванд", - гуфт вазири иттилоот ва рушди умумии Қазоқистон Даурен Абаев.
Дар Қазоқистон то 15-уми апрел ҳолати изтирорӣ эълом шуда, ду шаҳр - Алмаато ва Нурсултон ба карантин гирифта шудаанд.