Тарс аз сунами баъди зилзилаи пуршиддат дар Курил

Маркази зилзила Север-Курилск мебошад

Зилзилае бо қудрати 7,5 дараҷаи Рихтер, ки рӯзи 24 март дар ҷазираҳои Курил рух дод, нигарониҳоеро аз сунамӣ дар соҳилҳои ғарбии ИМА, Канада ва Ҳавайи бор овард. Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи геологии ИМА, замин дар ҷазираҳои Курил соати 22:49-и дирӯз дар қисмати ҷануб ва ҷанубушарқи Северо-Курилск ларзид. Ин макон дар шимолушарқи Ҷопон ҷойгир аст.

Пажӯҳишгоҳи геологӣ гуфт, ки маркази таконхӯрии замин дар умқи 56 км ба қайд гирифта шуд. Дар оғоз Маркази огоҳонии сунамӣ дар Уқёнусия гуфт, ки эҳтимоли ба вуҷуд омадани сунамӣ вуҷуд дорад, вале баъдан хабар дод, ки ҳеҷ хатаре барои соҳилҳои ғарбии ИМА, Аляска ё минтақаи Колумбияи Бритониёӣ надорад.

Чаҳор ҷазираи ҷанубии Курил баъди ҷанги дуюми ҷаҳон дар миёни Маскаву Токио тақсим шуданд. Курилро бо истилоҳи Қаламравҳои шимолии Ҷопон ҳам мешиносанд. Ихтилофҳои сиёсии миёни Русия ва Ҷопон боиси он шудааст, ки то ҳол миёни ин ду кишвар дар заминаи хатми расмии ҷанг созиши сулҳ имзо нашудааст.